ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Восеъ:  

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар саросари кишвари азизамон ҳафтаи аввали моҳи май ҳафтаи «Поси хотир»-и шаҳидон баргузор мегардад. Дар ин радиф дар ноҳияи Восеъ низ чорабиниҳои тантанавӣ, дарсҳои кушоди намунавӣ баргузор гардида истодааст.Санаи 07-уми майи соли равон, аз ҷониби наврасони кӯдакистони №1-и ноҳияи Восеъ  дар назди нимпайкараи генерал-майор Рустами Холалӣ маросими гулчамбаргузорӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ – Сафар Ҳафиза ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои ҷанговарон, тарбия намудани наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва мардонагӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки «Мо назди корнамоиҳои бемисли диловарони Ватан сари таъзим фуруд меорем».