9-УМИ МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА!

Восеъ: Андеша  

Ғалаба чӣ истилоҳи азизу пурҳикмат аст. Иди зафаре, ки имрӯзҳо 79-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 26 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.Дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини ғалаба бар фашизм гитлери ҷонбозиҳо намудаанд. Ин ҷанги хонумронсӯз ки дар тахрихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта ,ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шуравиро рабуд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистонро бо гитлери фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд. Ору номуси вандорӣ буд, ки танҳо якумин рӯзи оғози ҷанг комиссариати ҳарбии шаҳр бештар аз 200 аризаи ихтиёриёнро ба қайд гирифт, давоми як ҳафтаи аввал бошад 805 нафар ленинободиён ба фронтравӣ доданд.Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

Бегова Саидабону- Волонтёр аз ноҳияи Восеъ