"Таърихи Ватанро бидонед, бидонед!"

Восеъ: Андеша  

Ин мисраест аз сарбайти ғазале, ки бо овози марғуладори устод Давлатманд Холов (сухан аз Ниҳонӣ) ҳар субҳ аснои аз хона ба коргоҳ омадан аз магнитафони мошин мешунавам. Чун сухан таъсиргузор аст, дар сабки сароиши ҳофизи мумтоз боз ҳам қавитар ба торҳои асаб таъсир гузошта, лоҷарам ба дил менишинад. Аз ин ғазал саропо бӯи ватандӯстию худшиносӣ меояд. Ва он бешак аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар боби дӯстдории Ватан, донистани таърихи забону фарҳанги миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ки асоси худогоҳиву худшиносии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб мешаванд, маншаъ мегирад. Донистани таърихи Ватан аз мутолиа ва омӯзиши таърих ба даст меояд. Ин аст, ки сархати ин байт ин нуктаро тақвият мебахшад:

Эй миллати озод, бихонед, бихонед,

Таърихи Ватанро бидонед, бидонед.

Фармудаи ҳикматонаи мардумӣ хеле маъмул аст, ки чизеро бештар донӣ, эҳтиромат ба он бештар меафзояд. Ҳамсони ҳамин, ҳар қадар гузаштаи таърихи миллатро амиқтар биомӯзӣ, ба асолати таърихии ниёгонат жарфтар фурӯ меравӣ. Гузаштаро, ки донистӣ ба ҳақиқати таърихӣ дақиуан сарфаҳм меравӣ, дарк месозӣ, ки ту аз кадом шаҷараи эҷодӣ ҳастӣ, дар кадом зодбум таваллуд шудаву чӣ гуна саранавиштеро гузаштагонат аз сар гузаронидаанд. Ин ҳама тавассути омӯзиш, мутолиаи китоб ва ҳамнишинӣ бо шахсиятҳои донишманду ҳушманд ва худогоҳу ватандорони асил ба даст меояд. Бе ҳеҷ амали омӯзишӣ наметавон ба чизе комёб шуд. Роҳи асосӣ роҳи омӯзиш аст. Роҳе, ки қулфкушои дари маърифатнокист. Китобхонӣ ва дӯстдории китоб шахсро дар зиндагӣ роҳнамоӣ месозад ба дунёи фазлу хирад. Зеҳнияти ӯро камол мебахшад. Руҳан варо нерӯманд менамояд. Нахустин пайроҳаи омӯзишӣ, ки касро ба шоҳрои рушду такомули маънавӣ мерасонад, зинаи мактабист. Маҳз ҳамин омил муҳиммият пайдо кардааст, ки имрӯз таваҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи мактабу маориф хеле чашмрас аст. Ҳамасола биноҳои нави таълимӣ бунёд ва сатҳи беҳдошти рӯзгори иҷтимоии аҳли маорифчиён туфайли зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳа баланд бардошта мешавад. Ин бошад масъулияти муаллимонро дар ҷомеа нисбати заҳмати содиқонаю софдилона ҷиҳати адои рисолати касбӣ бештар месозад.

Насли наврас дар қадамҳои нахустини камолоти инсонӣ, ташаккули маънавӣ қарор дорад. Ӯро дар ҳамин зинаи омӯзишӣ мебояд ба гӯшаш аввалин ҳарфи ватандориро шунавонд. Талқин бояд кард, ки алифбои ватандорӣ аз омӯзиши таърихи Ватан сар мешавад.Дар ҳар дарс таъкидан баён бояд дошт, ки ҳеҷ миллате дар таърихи башарият аз лиҳози таҷрибаи давлатдорӣ ва тамаддунофарӣ ҳамсони миллати тоҷик нест. Ин ҳукмро дилпурона бояд гуфт ва санадҳои зиёди таърихиро ба хонандагон изҳор дошт. Давлатдории Куруши Кабир, Пешдодиён, Кушониён, Сосониён, Сомониёнро ба забон оварда, аз фарзандони шуҷои миллат Спитамену Катан, Муқанаъю Абӯмуслим, Деваштичу Маҳмуди Торобӣ, Темурмалику Восеъ ном гирифт. Дар сатри аввал насли наврас ин номҳоро ба хотир гирад, баъдан зина ба зина ба ҳошияи таърихии онҳо майли донистан мекунад. Чун фурсати дарки бештари таърихномаи миллат фаро мерасад, насли ҷавон худ китоби таърихро варақгардон мекунад ва тадриҷан ба омӯзиши таърихи Ватани худ мустақиман камар мебандад. Донистани таърихи Ватан насли ҷавони ҷомеаро худшиносу меҳандӯст мегардонад. Аз гузаштаи давлату миллат огаҳ шуда, аз шаҳараи насли бузург будани худ сидқан огаҳ мешавад ва бешаказ тоҷик будани худ ифтихор мекунад. Ба ин мартаба расидани ҳар соҳибватани тоҷикро мояи ифтихору шарафмандист. Таъкиди Пешвои муаззами миллат "Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед!", ки чанде қабл дар суханрониашон дар мулоқот бо аҳли намояндагон ва ходимони дини кишвар садо дода буд, барои ҳар узви ҷомеа, хоса насли ҷавон бояд шиорномаи умрӣ бошад. Зеро аз миллату давлати худ ифтихор кардан, нерӯи садоқатмандиро ба сарзамини аҷдодӣ, ки номаш дар харитаи башарият Тоҷикистон унвон шудааст, қавитар месозад. Аз ин рӯ бояд донист, ки ифтихормандӣ аз хокдону донистани таърихи Ватан сарчашма мегирад. Боз ҳам таъкиди ин байти раҳнамосозро такрор ба такрор таъкид месозем, то ба умқи қалбҳо сабт гардад:

Эй миллати озод, бихонед, бихонед,

Таърихи Ватанро бидонед, бидонед!

Орифзода Муҳаммад, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, аъзои фаъоли ҲХДТ.