ГУЗАРОНИДА МАШҒУЛИЯТҲОИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНРО БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ОМОДА МЕКУНАД.

Восеъ:  

Дар Муассисаи таълимии №65-и ноҳияи Восеъ машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорону хонандагон фаъолона ширкат намуданд.Дар баргузории чорабинии мазкур омӯзгорону хонандагон ба ҳолатҳои фавқулодда омода шуда, қоидаи ҳаракат ва эмин монданро дар чунин ҳолатҳо тамрин намуданд. Хонандагон дар ин раванд бо шакли расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва кумак расонидан ба ҳамдигар маълумоти даркорӣ гирифтанд. Зеро, гурӯҳҳое, ки дар чорабинӣ ширкат намуданд, бо маҳорати баланд тамоми қоидаҳоро риоя намуданд.