КӮМАКИ ОМӮЗГОРОН БА ОИЛАҲОИ ОСЕБДИДА

Восеъ:  

Ноҳияи Восеъ, дар ҳамвори вокеъ гашта, аз ин ноҳия се дарё Сурхоб, Ёксу ва Кулобдарё мегузарад. Селе ки аз ноҳияҳои кӯҳи, Балҷувону, Ховалинг, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик мефарояд, ба ин дарёҳо рехта аз ноҳияи Восеъ мегузарад. Бо ҳамин сабабҳо вақти гузаштани сел, дар ин ноҳия хатари офати табии зиёд мешавад. Рузи 20-уми апрели соли равон дар натиҷаи омадани сели оби дарёхо ва паёмади боришоти сел аз кӯҳҳо аз меъёр зиёд гардид, ки ин боиси хароб гардидани хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, ноҳия гардид.Бояд қайд намоем, ки ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ҳизб, аз ҷумла кормандони масъули ҳизбӣ, волонтёрон ба ин ҷамоатҳо сафарбар гардида, тӯли 2 рӯз мешавад, ки кӯчаву ҳавлӣ ва хонаҳои сокинони аз сел зарардидаро тоза менамоянд. Бояд қайд намоем, ки  аз ҷониби кормандони соҳаи маорифи ноҳияниз  кӯмак ба оилаҳои зарардида аз офати табии бо маром идома дорад. Дар ин ҳолати фавқулода омӯзгорону кормандони соҳаи маориф бетараф набуда, саҳми худро дар барқарор намудани ҳолатҳои номусоид мерасонанд.