Таъмири синфхонаҳои иловагии назди муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Восеъ корҳои таъмири синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад. Ин иқдоми хайрхоҳона бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад.Таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳо, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рӯ овардани онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар, масъулини муассисаи номбурда пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.