БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИИ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН

Восеъ:  

Тағирёбии иқлим на танҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад, балки боиси сар задани ҳама гуна офатҳои табиӣ мегардад. Бахусус, гарм гаштани ҳаво метавонад боиси тез об шудани пиряхҳо ва сероб гаштани дарёҳо гардад, ки ин ба омадани сел мусоидат мекунад. Инчунин тағирёбии иқлим боиси боридани боронҳои сел, жола мегардад.Дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон боридани боришоти шадид боиси омадани сел гашт. Кормандони масъули ҳизбӣ бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табии дар хонаҳои истиқоматии сокинон, ки ҳангоми боридани борони бошиддат зарардида буд, роҳсипор гашта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардиданд.