Дӯст доштани Ватан аз имон аст.

Восеъ: Андеша  

Ватандорӣ, ватанпарастӣ, меҳандӯстӣ ва дӯст доштани сарзамини аждодӣ барои ҳар фарди бонангу номус ва ҳар шахсе, ки камтарин эҳсоси инсонигароӣ дорад, бисёр ҳам муҳим мебошад. Чи тавре, ҳар яки мо модари худро дӯст медорем, барои хизмат намудан ба ӯ ҳамеша омода ҳастем, ватан низ мисли модар аст. Мо дар ин ватан ба дунё омадем, обашро менӯшем, ҳавояшро нафас мекашем, дар ҳамин сарзамин таълиму тарбия гирифта истодаем. Магар мешавад шахс дар ин сарзамин ба камол расида, ватанашро дӯст надорад, азиз нашуморад, барои ободу зебо ва пешрафти он хизмат накунад?!Ҳар инсон, хусусан мо ҷавононро лозим аст, ки  Ватани худро сидқан дӯст дорем ва баҳри ободиву шукуфоии он, баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳу суботи он ва баҳри парафшон нигоҳ доштани парчами он сидқан талош намоем. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге ҳам дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки  Ислом чунин аст: «Дӯст доштани Ватан аз имон аст». Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан миҷа таҳ  накарда, хидмат мекунад».Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем.  Парчамбардорону номбардорони асили ин Ватани биҳиштосо бошем.

Гулрухсор Мирзоева –мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ.