ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”.

Восеъ:  

Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум, мушкилоти иҷтимоӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда истодааст.

Дар таърихи 18-уми апрели соли равон масъулини ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуда, ҳамзамон аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.