ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Восеъ:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрам масъулини Кумитаи иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил намуда пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешавад. Бо ин мақсад санаи 17 апрели соли 2024 тибқи нақша масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Тугарки ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “Хона ба хона” ба роҳ монда, оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, даъват ба корҳои созандагӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша намуда, ҳамзамон аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.