Аксияи ҳизбии ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” дар амал.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва дар асоси нақша -чорабиниҳои таҳрези намудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ҳар ҳафта ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандаги саҳми муносиби хешро гузошта истодаанд. Аз ҷониби кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ бо мақсади саҳм гузоштан дар ободиву зебогӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аксияи тозагиро баргузор намуданд. Зимни корҳои ободонӣ кормандон назди бинои ҳизбиро рӯбучин намуда, бехи дарахтони ороиширо ва гирду атрофро аз партову алафҳои бегона тоза карда, дохил ва атрофи биноро тозаву озода намуданд.