БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ҲУЛБУК

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” корҳои ободонӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва  кормандони ташкилоти ибтидоии “КФХМК (КЖКП)”-и ноӽияи Восеъ баргузор карда шуд. Фаъолони ҳизбӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саҳм гузоштан дар корҳои ободониву зебогӣ, заминҳоро нарм ва аз алафҳои худрӯй тоза намуда, ҳамзамон дарун ва гирду атрофи ҷӯйборҳоро аз хасу хошок ва партовҳо тоза намуданд.Бояд қайд намуд, ки дар доираи Аксияи номбурда, аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия саҳм гузошта истодаанд