Вохӯрии гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои мубрам

Восеъ:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрам масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо МИҲД-и ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда,  пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад санаи 16 апрели соли равон тибқи нақша масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар толори Муассисаи таълимии №10-и ноҳия вохӯриву мулоқоти судманд миёни сокинони маҳаллаҳои Ш.Шоҳин, Н.Хусрав ва М.Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ оид ба масъалаҳои дар боло зикр шуда, ибрози андеша намуданд. Қайд карда шуд, ки падару модаронро зарур аст, дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланд ҳис намоянд. Ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, забономӯзӣ бояд тарбия намоянд.