ХОНИШИ СИЁСӢ БО АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ

Восеъ: Созандагони ватан  

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии №1 – и ноҳияи Восеъ, бо хонандагони синфҳои болоӣ, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурустӣ телефонҳои мобилӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқоти судманд доир карда шуд.Дар мулоқот масъулини ҳизбӣ, қайд намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои пешрафти илму маориф зарурати баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакатро таъкид намуда, ҳидояту дастурҳои муфиде пешниҳод намуданд, ки сармашқи ҳар як сокини ватандӯсти кишвари азизамон хоҳад гашт.