Баргузории вохӯрӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Восеъ: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” гузаронида шуд. Дар вохӯрии баргузоргардида, директори муассисаи таълимӣ, муовинони директори муассиса, роҳбари Созмони хонандагони муассиса ва роҳбарони синфҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.Зимни сӯҳбату мулоқот бо хонандагон оиди сарулибос, ба тартиб даровардани муйи сар, дер мондан аз дарс, бо телефони мобилӣ омадан ба дарс, нарафтан ба толорҳои саққобозӣ, оиди омодагиҳо барои супоридани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, иштирок дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, оиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оворагардӣ ва шомил нашудани ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки дорои характери террористию экстремистӣ доранд ибрози андеша карда шуд.