Хунсупории донорон дар ТИ “Беморхонаи Маркази”-и ноҳия

Восеъ:  

Ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади ҳаёти касеро наҷот додан тадбирҳои гуногун андешида шуда, аз ҷумла нафарони зиёд ба марказҳои хунсупорӣ мераванд ва хун месупоранд. Донори хун будан ё хун супоридан дар аксари кишварҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳам раванди афзоишёбии хунсупорандагон мушоҳида мешавад. Санаи 16.04.2024  дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Маркази”-и ноҳияи Восеъ низ нафарони зиёде ҷамъ омада, хуни худро барои солимии хеш ва наҷот додани касе супориданд.Бояд қайд намуд, ки хунсупорӣ фоидаовар буда, бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ менамояд. Инчунин системаи иммунитети шахс мустаҳкам мегардад ва аз ҳама муҳим, ҳаёти касе наҷот дода мешавад.