Рафти корҳои ободониву тозагӣ дар муассисаи томактабии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" дар ташкилоти ибтидоии “Оиша” муассисаи томактабии ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аксияи "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" доир гардид. Дар рафти корҳои ободонӣ иштирокдорон бехҳои дарахтон ва гулҳои ороишоро аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза карда, ҳамзамон дохили муаассисаро рӯбучин ва тоза намуданд.Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди шаҳр бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо корҳои ободониву созандагиро ташкил ва баргузор намоянд.