Кӯмаки идона аз ҷониби вакил ба эҳтиёҷмандон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”, иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дар доираи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда вобаста ба дастгириҳои шахсони бесарбонмондаву эҳтиёҷманд ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша хусусан вакилони ноҳиявӣ дар арафаи Иди Саиди Фитр ба 5 нафар оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Табақаҳои ниёзманд барои дастовезҳои идона миннатдории самимонаи хешро ба вакили ноҳиявӣ Азизов С. ва ташаббускорони ин иқдом изҳор доштанд.