ДАСТГИРИИ ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРИ СОКИНОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон ва ниёзманду маъюб қарзи инсонии ҳар як фарди солимфикру тавоно ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ иброз доштанд: “Раҳму шавқат ва кӯмаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда, аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки қобили таҳсин ва амали хайру савоб шуморида мешавад.”Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии маъюбону барҷомондагон, дар арафаи таҷлили Иди Саиди Фитр ба як нафар писари нобино, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ аз ҷониби вакили ноҳиявӣ Шайхзода Ф. кӯмаки идона расонида шуд. Зимни расонидани кӯмак масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки Пешвои миллат ҳамеша бо хислати нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат мебошанд ва маҳз ин хислатҳои наҷиб имрӯз вакилони ноҳиявиро водор намуд, то ба ин табақаи ниёзманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.