Корҳои созандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шароити кунунӣ бояд ба рушди муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо эътибори доимӣ дода шавад, зеро маҳз ба шарофати фаъолияти самарабахши онҳо насли наврас ба роҳи рост ҳидоят мегардад, ба омӯзиши донишу адаб, касбу ҳунар ва хештаншиносиву ифтихори ватандорӣ азму талош меварзад. Гузашта аз ин, маҳз мактаб аст, ки заминаи ба камол расонидани шахсиятҳои донишманду номдор, фарзандони фарзона ва кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷрибаро барои имрӯзу фардои кишварамон мегузорад.
Бо ҳамин мақсад, дар муассисаи таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ корҳои таъмири синфхонаҳо ҷараён дорад. Бо аз таъмири ҷорӣ баровардани синфхонаҳо шароити беҳтаре баҳри донишандӯзии хонандагон муҳайё мегардад.