РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ  корҳои ободониву созандагӣ, барқарорсозиву бунёдкорӣ идома дорад.  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Восеъ низ корҳои созандагӣ  ҷараён дошта, маъмурият ва коллективи омӯзгорону кормандони техникии муассисаи таълимии номбурда дар ин амали хайр саҳми муносиб гузошта истодаанд. Айни замон дар муассиса корҳои таъмири синфхонаҳо, рангуборкунӣ ва таъмири қисмати берунии муассиса ҷараён дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи таълимии мазкур корҳои ободони доимо идома ёфта, бо дастгирии нафарони имкониятдошта ва саховатмандон мушкилиҳои мавҷуда бартараф карда мешаванд. Ҳадаф аз таъмири ҷорӣ муҳайё намудани шароити мусоид дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва зебо, барои таълиму тарбияи шогирдон мебошад. Бо зебогардонии синфхона ва муассиса ҳисси зебоипарастии насли наврас низ зиёд карда мешавад, ки ин ҳам як навъ таъсиррасонӣ дар тарбияи шогирдон мебошад.