НОҲОЛШИНОНӢ СУННАТИ ВОЛОИ ТОҶИКОН АСТ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук боғи ниҳолпарвар (питовник) дар 1.5 га замин эҳё гардида истодааст, ки то имруз зиёда аз 3000 ниҳолҳои ҳамешасбзи гуногун шинонида шудааст.Дар якҷояги бо бахшу шуъбаҳо ва эмомхатибони ноҳияи Восеъ барои шинонидани дарахтон ва об додани онҳо дар боғи навбунёд ҳашар гузаронида шуд. Натиҷаи ҳамин сиёсати ватанпарваронаву табиатдӯстонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар давоми соҳибистиқлолии ватани азизамон теъдоди зиёди боғҳо, гулгаштҳо, гармхонаҳо ва дарахтон ба вуҷуд омадааст, ки ин ҳама ташаббусҳои ибратбахши Пешвои миллатамон бидуни шубҳа, дар тарбияи ҳисси зебоидӯстиву озодагӣ, меҳанпарастиву ватандории наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азизамон нақши беандозаи бузург хоҳанд гузошт.