АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН РИСОЛАТИ ИНСОНИСТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманд, кӯмак расонидан ба, собиқадорон, шахсони яккаву танҳо ва ятимону бепарасторон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ дар арафи иду ҷашнвораҳои миллии кишвар дар ноҳияи Восеъ корҳои назаррас анҷом ёфта истодааст..Яке аз беҳтарин хислатҳои мардуми Шарқ, хосса тоҷикон меҳрубониву дилсӯзӣ ва ғамхорӣ нисбати дармондагону маъюбон аст, ки аз менталитети азалан инсонпарваронаи миллати нармдилу хайрхоҳ ва савобандеши мо маншаъ мегирад. Бо ин мақсад аз тарафи аъзоёни фаъоли ТИ “Навобод-МТМУ №12”-и ноҳияи Восеъ ва шахсони саховатманд дар арафаи таҷлили Иди Шарифи Рамазон як қатор собиқадорони соҳаи маориф аёдат шуда, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.