ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ФИЛМИ “ШИКАСТИ ФИТНА” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АРАЛ-МТМУ №2”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Арал-МТМУ №2”-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо иштироки фаъоли омӯзгорон филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна” ба маърази тамошо гузошта шуд. Мақсади тамошои филми мазкур ба таълимгирандагон фаҳмонидан, омӯзонидан ва фарқ намудани некро аз бад, сиёҳро  аз сафед, инчунин тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтирому посдории сулҳу осоиштагӣ, инчунин дур будан аз шахсони дурӯяву бадкирдор мебошад.

Ҳамзамон, аз тамошои филм омӯзгорон ба хулосае омаданд, ки ягон шахси бадхоҳ ба мақсади нопоки худ ҳеҷ гоҳ намерасад ва оқибат чихеле, ки мегӯянд “Чоҳкан зери чоҳ” меафтад.