АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 ~ 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон дар ҷомеа ва эҳтироми муаллим ҳамчун роҳнамову тарбиятгари ҷомеа дар арафаи Иди Саиди Рамазон маъмурияти ташкилоти ибтидоии “Қайнар-МТМУ №28”-и ноҳияи Восеъ ба аёдати омӯзгорони собиқадор рафта ба онҳо кӯмаки яквақтаина расониданд.Аз ин амали хайру савоб омӯзгорони собиқадор хушҳол гардида, барои эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо ва аёдат намудани онҳо дар чунин рӯзҳо исҳори сипос намуда, дар ҳаққи ташкилкунандагони ин амал дуои хайр намуданд.