ГАР ТАВОНӢ ЯК ДИЛИ БИШКАСТАЕРО ШОД КУН...

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти дармондаеро гирифтан, ба ӯ кӯмак кардан, аз хислатҳое мебошад, ки неку писандида ва яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастуру ҳидоятҳояшон, аз ҷумла дар Паёмҳои худ ба масъалаҳои эҳсонкорӣ, хайрхоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соҳибкорону ашхоси саховатпешаро ба ободонии мамлакат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ашхоси дармонда ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат қариб, ки дар ҳар як вохӯриҳои худ бо халқ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар як амали неку созанда савоби зиёде дораду сари ятимеро сила намудан ва эҳтиёҷи дармондаеро бароварда кардан дари биҳиштро ба рӯи шахси саховатпеша боз месозад.

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар арафаи Иди Шарифи Рамазон як нафар маъюби сокини деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳия, кӯмаки молиявӣ расонида шуд.