ОБОДОНӢ ВА ЗЕБОГӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои хурду бузурги сокинони ноҳияи Восеъ сухани "Ободонӣ мароми мост" барои шиор нест, балки ҳадафи аслии ҳар шаҳрванди ноҳия ободӣ ва зебоӣ мебошад. Вобаста ба ин дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони «ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КФХМК (КЖКП)”-и ноӽияи Восеъ ҳашари дастҷамъона дар Гулгашти ноҳия баргузор гардид. Зимни баргузории ҳашар иштирокчиён бехшои гулҳои ороиширо нарм намуда, аз ҳар гуна алафҳои худрой тоза намуданд. Бояд қайд намоем, ки дар ҳашари баргузоргардида, кормандони масъули ҳизбӣ низ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин корҳои ободонӣ пеш аз ҳама баҳри ободу зебо гардонидани ноҳия ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мебошад