БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛ БА МАҲАЛ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Созандагони ватан  

Футбол яке аз мусобиқа ва бозиҳои маъмулӣ ва дӯстдоштатарини наврасону ҷавонон буда, ҳамасола рушд меёбад. Барои гузаронидани мусобиқаҳо шароитҳо рӯз то рӯз барои ҷавонон муҳайё гардида истодаанд. Чунин шароит ва имкониятҳои мавҷуда ба он оварда расонид, ки ҷавонону наврасон ва ҳатто нафарони солманд даста ташкил карда миёни худ мусобиқаҳо ташкил менамоянд. Мусобиқаи онҳо тамошобинони зиёдеро ҷалб намуда онҳо вақти худро дар он мегузаронанд. Ин омил ба он оварда расонид, ки бозии футбол дар маҳаллаҳо рушд карда, бозингарони хубро низ омода намояд.Инак, мусобиқаи варзишии футбол аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинони деҳаҳо дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугарак баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур бештар ҷавонон ҷалб гардида, дар мусобиқа фаъолона иштирок намуданд.