Сарбози ихтиёрӣ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва заковати баланди худшиносиву ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, тарбияи шуҷоатмандии ҷавонон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон Барномаи “Сарбози ихтиёрӣ” таҳия гардид ва масъулини Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро бо истифода аз Барномаи мазкур баргузор намуда истодаанд.Дар натиҷа, як нафар сарбози ихтиёрӣ аз ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ барои хизмат ба Ватан-Модар ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.