ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Восеъ: Созандагони ватан  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарарм Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуда истодаанд. Ин бор дар муаасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳия бо иштироки роҳбари гурӯҳи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” Олимов Умед соати сиёсӣ баргузор гардид. Олимов Умед дар назди хонандагон баромад намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, суханронӣ намуд.Ҳамзамон аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.Инчунин қайд намуд, ки ҷавононро зарур аст аз шабакаҳои интернетӣ мақсаднок истифода намуда, аз шомилшавӣ аз ҳар гуна гуруҳҳои манфиатҷӯ, ки бештар таввассути шабакаҳои интернетӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои манфури хеш ҷалб менамоянд, худдорӣ намоянд.