ҶАВОНОН ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД!

Восеъ: Созандагони ватан  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Гулобод-МТМУ №33-и ноҳия бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва омӯзгорони собиқадор вохӯрӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид. Зимни вохӯрӣ бо ҷавонони замони соҳибистиқлол оид ба мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, рӯй овардани духтарон ба фарҳанги бегона, пешгирии таълимоти дини ғайрирасмӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ироа намуданд ва омода намудани даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд.