АМАЛИЁТИ УМУМИНОҲИЯВИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ГАРДИД

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 - майи соли ҷорӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани амалёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва бо ин васила шод намудани рӯҳи гузаштагони худ сокинони савобҷӯи деҳаи Охҷар бо иштироки раиси ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ  Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ-Сайалӣ Мирзоалиев ҳашари дастаҷамъонаро роҳандозӣ намуданд.

Дар амалиёти мазкур волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ фаъолона иштирок намуда, дар корҳои тозакунии дохил ва атрофи оромгоҳи номбурда саҳми худро гузоштанд. Бояд қайд намоем, ки теъдоди зиёди сокинони савобҷӯ оромгоҳро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтонро нарм карданд.