АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МЕҲНАТОБОД”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод-МТМУ №51”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони ташкилоти номбурда аксияи ободонӣ баргузор гардид.Омӯзгорони муассисаи болозикр ба ҳашари дастаҷамъона баромада, бехҳои гулҳои ороишӣ ва дарахтонро нарм намуда, ҳамзамон пояҳои дарахтони муассисаро сафед намуданд. Инчунин гирду атрофи муассисаро рӯбучин намуда, аз ҳар гуна хасу хошок тоза карданд. Маъмурияти муассисаи таълимӣ тасмим гирифтаанд, ки рисолати зебоипарастиву ободгароиро сармашқи кори хеш қарор дода баҳри ободии гӯшаи диёри худ саҳмгузор бошанд.