Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо-ҳифзи ҳаёт аст”

Восеъ: Созандагони ватан  

Тибқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо-ҳифзи ҳаёт аст” дар маркази ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ гузаронида шуд. Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба сокинони ноҳия варақаҳои иттилоотӣ бо навиштаҷот оиди ҳифзи пиряхҳоро тақсим намуданд.Зимни тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки Пиряхҳо- яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки соли “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул ва эълон гардид.