Терроризм ва экстремизм –зуҳуроти номатлуби замони муосир

Восеъ: Созандагони ватан  

Зуҳуроти номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад ин падида терроризм мебошад. Имрузҳо назар мекунем дар шабакаҳои иттилооти хоинони ии давлат аз дури истода иғвоангези мекунанд. Фикрҳои онҳо албатта хом ҳам бошад аммо ба мафкураи баъзан нафароне, ки вазъияти кунунии кишвари моро намедонанд, таъсир гузор мебошад.Бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии хатарҳои терроризму экстремизм аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ Аксия таҳти унвони “ Терроризм ва экстремизм –зуҳуроти номатлуби замони муосир!” баргузор гардид. Зимни баргузории аксияи мазкур масъулини ҳизбӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оиди падидаи номатлуби терроризмро дастрас намуда, иброз доштанд, ки ҳар яки моро зарур аст, ки дар вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон таъкидҳои Сарвари давлатамонро, ки чунин гуфта буданд, “Нисбат ба ҳар вақта дида зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, ба қадри бузургтарин неъмат – истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем” дар амал татбиқ намоем.