АЁДАТ ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАРОН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 07.03.2024 бахшида ба Рӯзи модарон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ-Сафар Ҳафиза Разоқ ва кормандони масъули ҳизбӣ ба аёдати зани собиқадори меҳнат – Гулмуродова Бибигул рафта, модари азизро ба муносибати Рӯзи модарон- 8-уми март ва фарорасии фасли шукуфтанҳову рустанхо, яъне баҳори хучастапай самимона табрик намуда, тухфаи хотиравӣ такдим намуданд.Масъулин зимни сӯҳбат бо модари азиз иброз доштанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Хизби Халкии Демократи Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-март “Рӯзи Модарон ” эълон гардида, аз ғамхориҳои беназири Сарвари давлат бобати баланд бардоштани мартабаву мавқеъи занон дар кишварамон шаҳодат медиҳад.Бояд қайд намоем, ки Гулмуродова Бибигул 86 сол дошта, зиёда аз 40 сол дар ферма бо ҷӯшидани гов машғул буд. Момаи Бибигулро барои меҳнати софдилонаву содиқонааш ду карат депутати Совети Олии СССР интихоб намудаанд. Айни замон дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ дар назди наберагону аберагон, дар фазои сулҳу осоиштагӣ, бо шукргузорӣ аз давлату Пешвои муаззами миллат умр ба сар мебарад.