Соати сиёсӣ дар амал татбиқ гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №33”-и ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба ва масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Зимнан аз ҷониби омӯзгорон қайд гардид, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи калидӣ ва аввалиндараҷаро касб намуда, роҳбари олии мамлакат ба ин қишри ҷомеа эътимоду боварии беандоза дорад. Барои он, ки ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, соатҳои сиёсӣ дар ин амали муштараки саривақтии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати маорифи вилоят саҳми созгор доранд.

Ҳамзамон зимни соати соати мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.