Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” баҳришод намудани рӯҳи гузаштагон амалӣ карда шуд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаву озода намудан, саҳм гузоштан дар ободонии оромгоҳҳо ва шод намудани рӯҳи гузаштагон бо роҳбарии раиси Кумитаи маҳалла Сафар Ҷонқобилов ва бо иштироки сокинони савобҷӯӣ деҳаи Ҷаврези ноҳияи Восеъ, субҳи рӯзи 24 -уми феврал, аксияи умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид. Сокинон дар ин рӯз ба ҳашар баромада бо меҳнати онҳо майдони оромгоҳи деҳа аз хасу хор пурра тоза карда шуд.Бояд қайд намоем, ки “Рӯзи ёдоварӣ” натанҳо тоза намудани оромгоҳҳо аз хасу хошоки зиёдатӣ, ба тартиб даровардани шоху панҷаҳои зиёдатии дарахтон, тоза ва дуруст намудани роҳравҳо ва ҷуйборҳои дохил ва атрофи оромгоҳҳо, девор ва ё симтур намудани атрофи қабристонҳо мебошад, балки ба танзм дарорӣ ва ё эҳёи анъанаи тоза намудани оромгоҳҳо, ҳамчунин дарси ибрат барои насли наврасу ҷавонон дар эҳтиром гузоштан ба гузаштагони худ ва сарсабзу озода нигоҳ дошани ин макон мебошад.