Соати сиёсӣ-усули муҳимтарини таъсиррасони ба равони инсонҳо

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки шахсони мутасаддӣ ва омӯзгорони фаъол дар МТМУ №62-и ноҳияи Восеъ, деҳаи Туғай, Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев хониши сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ташаббуси навбатии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хеле муҳим буданаш дар он аст, ки  масъулияти тарбияи насли ҷавони бунёдгари ҷомеаи навинро ба душ гирифтааст, ки ҳадафу мақсади он таъмини роҳи пешгирифтаи сиёсати давлату ҳукуматро идома додан аст. Зеро маҳз насли ҷавони соҳибистеъдод бо донишу малака ва қобилияти созандагии худ метавонад рушди босуръати ҷомеаро таъмин намод.