Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон амнияти мардумро чун сипар ҳимоя менамоянд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба  31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ташаббусеро роҳандозӣ намуданд. Кормандони масъули ҳизбӣ як гурӯҳ аз намояндагон-сарбозони интернатсионалистро даъват карда, дар якҷоягӣ бо онҳо ба ташкилоту муассисаҳои ноҳия ташриф бурда, роҳбарияти онҳоро ба муносибати 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.Намояндагон ба Шуъбаи Маорифи ноҳияи Восеъ ташриф бурда,  дар аввал номаи табрикотии директори ташкилоти ҷамъиятии «Фидоиёни Ватан»-ро ба мудири Шуъбаи Маориф- Орифзода М. тақдим намуданд. Ҳамзамон зимни сӯҳбатҳо иброз гардид, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчун нерӯи тавонои дифои кишвар, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро таъмин месозад. Хизмати мардонавори афсарону сарбозонро дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллати мо омада роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамеша қадр мекунад ва пос медорад.
 Дар идома Орифзода М. –мудири Шуъбаи маорифи ноҳия қайд намуданд, ки мо ба  Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя менамоянд. Мо ба далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорем ва дар симои онҳо ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро эҳсос менамоем.