Сӯҳбати муфид бо сарбозони интернатсионалист.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба  31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ як гурӯҳ аз намояндагон-сарбозони интернатсионалист даъват карда шуда, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом дода шуд.Сараввал кормандони масъули ҳизбӣ намояндагони ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан”-ро ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Баъдан Асроров Маҳмадулло- раиси ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳими истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат рушду нумӯ ёфтааст.Новобаста аз оне, ки дар шароити басо сангин таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат имрӯз он бо омодабошии доимии ҷангӣ қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон адо намояд ва дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар бо ҳам қадамҳои устувор гузорад.