АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ - “ДАРАХТИ МАН - САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН!”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ватани азизи мо анъана аст, ки бо омад омади фасли баҳор дар тамоми қаламрави мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ суръати тоза мегирад, ки ин амри хайр, бешубҳа, боиси боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон мегардад. Вобаста ба ин Аксияи ниҳолшинонӣ дар назди варзишгоҳ бо иштироки раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва шумораи васеии кормандони ташкилоту мауссисаҳои ноҳиявӣ баргузор гардид. Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби сокинони меҳнатдӯсту ободкорӣ сурат гирифта, дар маъракаи мазкур зиёда аз 1 000 бех ниҳолҳои ҳамесабзи арча дар майдони варзишгоҳ шинонида шуд.Ёдовар мешавем, ки кабудзоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъанаи сокинони меҳнатдӯсту меҳанпарасти ноҳияи Восеъ гардидааст, ки пайваста кӯшиш менамоянд баҳри ободӣ ва зебогии диёр саҳми хешро гузоранд.