Кӯмак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби вакили хайрхоҳ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”, иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Дар доираи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда вобаста ба дастгириҳои шахсони бесарбонмондаву эҳтиёҷманд ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша хусусан вакилони ноҳиявӣ Азизов Саймухтор ба 4 нафар оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Табақаҳои ниёзманд барои дастгирӣ ва кӯмак миннатдории самимонаи хешро ба вакили ноҳиявӣ ва ташаббускорони ин иқдом изҳор доштанд.