ГУЛШИНОНӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ МАСЪУЛИ ҲИЗБӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастгирии сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулҳои рангоранги садбарг дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баҳри вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ аз ҷониби командони масъули ҳизбӣ шинонида шуд.Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвари азизамон ба хотири ободкорӣ шинонидани гулу буттаҳо оғоз гардидааст, ки ин ба ҳусни кӯчаву хиёбон ва роҳравҳо ҳусни дигаре зам мекунад. Дар ноҳияи Восеъ низ ба масъалаи ободонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷула кормандони Кумита пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ободкориву созандагӣ саҳми назарраси худро гузоранд.