БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома ёфта истодааст. Дар ин росто бунёди синфхонаҳои иловагӣ барои муҳайё намудани шароити хуби таҳсил дар ноҳия ҷараён дорад.Тавре Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Аз ин лиҳоз аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ, вакилону фаъолони ва волидайни хонандагон пайватса саҳми худро дар азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ гузошта истодаанд.