АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ҲУЛБУК БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати анҷом бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо бо истифода аз ҳавои офтобӣ ва мусоид иқдомҳои неки кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинон амалӣ гардида истодааст.Дар ин росто бо иштироки аъзоёни фаъоли ҲХДТ-и ноҳияи Восеъ бо як руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар назди чойхонаи "Абубакр" воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия дарахтони ороишиву сояафканро шинониданд ва ба ҳусни диёр зебоӣ зам намуданд.Чунин иқдом имрӯзҳо дар тамоми идораву корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои ноҳияи Восеъ бо маром амали гардида, сокинон дар ободии ноҳия саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.