Корҳои созандагиву ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Офтобак-Боғчаи №2”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ояндаи кишвар аз ҳастии кӯдакон аст. Пас муҳайё кардани шароити зарурӣ барои рушди зеҳнию ахлоқӣ ва ҷисмонии кӯдакон вазифаи аввалиндараҷаи насли калонсол аст.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Офтобак - Боғчаи №2”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо ҷалбӣ ассотсиатсияи падару модарон ва аъзоёни фаъоли ҳизб корҳои ободониву созандагӣ, яъне таъмирнамоии ташкилот оғоз гардид. Ҳамзамон дар ин амали хайр кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда низ саҳми муносиби худро гузоштанд. Онҳо даромадгоҳ, тамоми деворҳои берунӣ ва нишастгоҳҳое, ки дар саҳни боғча ҷойгир аст,  ба таври замонавӣ рангу бор карда, дар саҳни муассиса парчамҳои рангоранги диққатҷалбкунанда овезон карданд.