"МО- ОМӮЗГОРОН РИСОЛАТИ СОЗАНДАГӢ ДОРЕМ"

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Доир ба масъалаи болозикр дар санаи 03.02.2024 новобаста ба вазъи боду ҳаво дар МТМУ № 3- и ноҳияи Восеъ ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ тамоми омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва кормандони техникии муассиса фаъолона иштирок дошта, дар ин маърака шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо сурат гирифт .Дар ҳошияи дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ маорифчиёни ноҳияи Восеъ, таҳти унвони «Мо омӯзгорон рисолати созандагӣ дорем» дар корҳои кабудизоркунии муҳити муассисаҳои таълимӣ бо ташкили ҳашарҳои дастачамъона саҳми арзишманд мегузоранд. Роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия, дар он назаранд, ки бо ташкили боғҳои наздимактабӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии муассисаҳо дар самти баланд бардоштани маърифати экологии наврасон, ба натиҷаҳои хуб ноил мегарданд.