БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО МАҚСАДИ ТАТБИҚИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштараки ҳизбии "Мактаби ман" дар муассисаи таълимии №18-и ноҳияи Восеъ вохӯрӣ зери унвони "Мактаби ман!" бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳ.Р., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Мирзоева Ш ва омӯзгорони муассисаи мазкур доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин ҳавасманд гардонии шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои тадбиқи амали барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникӣ ва бо ин васила ҷалб намудани онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо умуман мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Дар идома масъалаҳои мубрами рӯз низ аз қабили муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, доир ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо” ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.