Истифодаи таҷҳизотҳои муосири технологӣ талаби замон аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи устувори рушди технологияҳои муосир омӯзиши чуқури фанни иттилоот аҳамияти махсусро пайдо мекунад. Бо баробари ин, дар ин шароит мукаммалгардонии механизми ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мутобиқсозии тамоми равияҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ комилан рушди ҷараёни умумиҷаҳониро талаб менамояд, ки хонандагон бояд ба пуррагӣ технологияҳои муосирро аз худ намоянд.Дар санаи 24.01.2024 аз тарафи кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ оиди беҳтар намудани сифати таҳсилот ва дар амал истифода бурдани таҷҳизотҳои технологӣ дар рафти машғулиятҳо насби тахтаи электронӣ ва видеопроектор дар муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Восеъ сурат гирифт. Акнун омӯзгорону хонандагон метавонанд дар рафти машғулиятҳо аз ин таҷҳизотҳои технологӣ самаранок истифода баранд.